Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 59 languages
«Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ (Азза ва Ҷалла) дасти Худро дар шаб боз мекунад, то гунаҳкори рӯз тавба кунад ва рӯзона дасти Худро боз мекунад, то гунаҳкори шаб тавба кунад, то ин ки офтоб аз мағриб тулуъ кунад."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додаанд, ки Аллоҳ Таъоло тавбаро аз бандагонаш қабул мекунад. Пас агар банда дар рӯз гуноҳе кунад ва дар шаб тавба кунад, Аллоҳ Таъоло тавбаи ӯро қабул мекунад. Ва агар шаб гуноҳ кунад ва рӯзона тавба кунад, Аллоҳ Таъоло тавбаашро қабул мекунад. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дасти Худро аз рӯйи хушнудӣ барои тавбаи банда ва қабули он боз мекунад. Ва дари тавба ҳамчунон боз аст, то ин ки офтоб аз мағриб тулуъ кунад, ки он нишонаи поёни дунё аст. Ва чун офтоб аз мағриб тулуъ кард, дари тавба ҳам баста мешавад.

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality