Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки мегуфт:

Available in 71 languages
«Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки мегуфт: "Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро ташвиқ мекунад, ки дар талаби нафъ ва дур кардани зарар дар умури дин ва дунёи худ, ба Худованди Мутаъол таваккул кунем, зеро касе ато намедиҳад, боз намедорад, суд ва зиён намебахшад магар Ӯ Таъоло. Мо бояд ба таваккул кардани холисона бар Худо амалҳоеро анҷом диҳем, ки дар он ҷалби манфиат ва дафъи зарар бошад. Чун агар мо ин корро анҷом диҳем Худованд ба мо рӯзӣ медиҳад, он гуна ки парандагон саҳаргоҳ аз лонаҳо бо шиками гурусна берун меоянд ва шомгоҳ бо шиками сер бармегарданд. Ин амали парандагон навъе аз асбоби талош барои талаби ризқ ва рӯзӣ бидуни вобастагӣ ва танбалӣ аст.

Source
رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد
Download image

Saved at original quality