Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Абубарзаи Асламӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:

Available in 61 languages
«Аз Абубарзаи Асламӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳеҷ кас дар рӯзи қиёмат аз ҷои худ ба сӯи биҳишт ё дӯзах намеравад, то ин ки дар бораи чанд чиз пурсида шавад: Якум: Умри худро чӣ гуна сипарӣ кард ва дар чӣ сарф кард? Дуввум: Илми ӯ, оё барои Аллоҳ талаб кард онро? Ва оё бо он амал кард? Ва оё онро ба шахсони сазовор расонд? Сеюм: Молашро аз куҷо ба даст овард, ҳалол аст ё ҳаром? Ва он молро дар чӣ сарф кард? Дар роҳе, ки Аллоҳро хушнуд месозад ё сабаби нохушнудии Ӯ мешавад? Чаҳорум: Бадани ӯ ва қуввату саломатӣ ва ҷавониаш, аз инҳо чӣ гуна истифода кард ва дар чӣ роҳе аз онҳо баҳра бурд?

Source
رواه الترمذي
Download image

Saved at original quality