Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:

Available in 61 languages
«Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз ҳама бештар дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд: "Аллоҳумма, Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор." (Худоё, Парвардигори мо! Ба мо дар дунё ва дар охират некӣ ато кун. Ва моро аз оташи дӯзах наҷот деҳ).»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бештар бо дуоҳои ҷомеъ ва фарогир дуо мекарданд, аз ҷумла: "Аллоҳумма, Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор." Ин дуо ҳам некии дунёро дар худ дорад, аз ҷумла ризқи фаровон ва ҳалол, ҳамсари солеҳа, фарзандоне, ки сабаби равшании чашм ҳастанд, осоиш, илмҳои фоиданок, амалҳои нек ва дигар хостаҳои маҳбуб ва мубоҳ. Ва ҳам некии охиратро, аз ҷумла, наҷот ёфтан аз азоби қабр, аз сахтии ҳисоб ва оташи дӯзах, ба даст овардани розигии Аллоҳ ва ба даст овардани саодатмандӣ ва ҷовидонӣ дар биҳишт ва наздик шудан ба Парвардигори меҳрубон аст.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality