18 hadiths
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳумма аслиҳ лӣ дини аллазӣ ҳува ъисмату амрӣ, ва аслиҳ лӣ дунёя аллатӣ фиҳо маошӣ, ва аслиҳ лӣ охиратӣ аллатӣ фиҳо маъодӣ, ва-ҷъалил-ҳаёта зиёдатан лӣ фӣ кулли хайр, ва-ҷъалил-мавта роҳатан лӣ мин кулли шар." Тарҷума: “Эй Аллоҳ! Динамро, ки он ҳифозаткунандаи амри ман аст, ислоҳ намо; ва дунёямро, ки дар он зиндагии ман қарор дорад, ислоҳ гардон; ва охиратамро, ки бозгаштам ба сӯи он аст, ислоҳ гардон; ва зиндагиямро боиси афзоиши корҳои нек бигардон; ва маргро аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ.”رواه مسلم
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро мехонданд: "Парвадигоро! Иштибоҳот ва нодонию зиёдаравӣ дар корамро ва он чи Ту аз ман ба он донотар ҳастӣ, мағфират кун. Эй Аллоҳ! Гуноҳони ҷиддӣ, шӯхӣ ва саҳвӣ ва амдии маро бибахш, ва ман иқрор мешавам, ки муртакиби ҳамаи онҳо шудаам. Эй Аллоҳ! Гуноҳоне, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва гуноҳоне, ки осораш пас аз марг ҳамчунон боқӣ мемонад ва гуноҳоне, ки пинҳону ошкор анҷом додаам ва Ту аз ман ба онҳо донотар ҳастӣ, бибахш. Ин Ту ҳастӣ, ки ҳар касеро бихоҳӣ ба сӯи корҳои неку биҳишт - ба пеш мебарӣ- ва ҳар касеро бихоҳӣ аз корҳои неку биҳишт - ба таъхир меандозӣ - ва Ту бар ҳама чиз қодиру тавоно ҳастӣ."متفق عليه