Фазоил ва одоб
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро мехонданд:
Available in 54 languages
«Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро мехонданд: "Парвадигоро! Иштибоҳот ва нодонию зиёдаравӣ дар корамро ва он чи Ту аз ман ба он донотар ҳастӣ, мағфират кун. Эй Аллоҳ! Гуноҳони ҷиддӣ, шӯхӣ ва саҳвӣ ва амдии маро бибахш, ва ман иқрор мешавам, ки муртакиби ҳамаи онҳо шудаам. Эй Аллоҳ! Гуноҳоне, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва гуноҳоне, ки осораш пас аз марг ҳамчунон боқӣ мемонад ва гуноҳоне, ки пинҳону ошкор анҷом додаам ва Ту аз ман ба онҳо донотар ҳастӣ, бибахш. Ин Ту ҳастӣ, ки ҳар касеро бихоҳӣ ба сӯи корҳои неку биҳишт - ба пеш мебарӣ- ва ҳар касеро бихоҳӣ аз корҳои неку биҳишт - ба таъхир меандозӣ - ва Ту бар ҳама чиз қодиру тавоно ҳастӣ."»Meaning translation ·
Saved at original quality








