Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ин калимаҳо дуо мекарданд:

Available in 53 languages
«Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ин калимаҳо дуо мекарданд: "Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин чизҳо ба Аллоҳ паноҳ бурдааст: Якум: (Худоё, ман ба Ту паноҳ меорам) яъне, ба Ту рӯй меорам ва аз Ту ёрӣ металабам, на аз ғайри Ту, (аз афзоиши қарз), аз он ки қарз бар ман зиёд гардад ва бо ғаму ташвиши он сахтӣ кашам. Инчунин аз ту мадад мехоҳам, то дар пардохти қарзам маро кумак кунӣ. Дуюм: (Ва аз ғалабаи душман), аз он ки душман бар ман ғолиб шавад, маро мағлуб созад ё зулму ситам кунад. Ва ман аз ту хоҳони дифоъ ва ёрӣ бар ӯ ҳастам, то офаташро боздорӣ ва бароям пирӯзӣ ато кунӣ. Сеюм: (Ва аз шодии душманон), паноҳ мебарам ба Ту, эй Парвардигор, аз он ки душманон аз бадбахтӣ, мусибат ё озоре, ки ба ман ё ба мусалмонон мерасад, хушҳол ва шод гарданд.

Source
رواه النسائي وأحمد
Download image

Saved at original quality