62 hadiths
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Аллоҳ Азза ва Ҷалла мегӯяд: Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам. Агар Манро дар дили худ ёд кунад, Ман ӯро дар назди Худ ёд мекунам. Агар Манро дар миёни ҷамъе ёд кунад, Ман ӯро дар ҷамъе беҳтар аз онҳо ёд мекунам. Агар ба андозаи як ваҷаб ба Ман наздик шавад, Ман ба ӯ ба андозаи зироъ (як даст) наздик мешавам. Агар ба андозаи як зироъ наздик шавад, Ман ба андозаи як боъ (ду дасти боз) ба ӯ наздик мешавам. Агар ӯ ба сӯи Ман қадамзанон биёяд, Ман ба сӯи ӯ бо шитоб меоям."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳумма аслиҳ лӣ дини аллазӣ ҳува ъисмату амрӣ, ва аслиҳ лӣ дунёя аллатӣ фиҳо маошӣ, ва аслиҳ лӣ охиратӣ аллатӣ фиҳо маъодӣ, ва-ҷъалил-ҳаёта зиёдатан лӣ фӣ кулли хайр, ва-ҷъалил-мавта роҳатан лӣ мин кулли шар." Тарҷума: “Эй Аллоҳ! Динамро, ки он ҳифозаткунандаи амри ман аст, ислоҳ намо; ва дунёямро, ки дар он зиндагии ман қарор дорад, ислоҳ гардон; ва охиратамро, ки бозгаштам ба сӯи он аст, ислоҳ гардон; ва зиндагиямро боиси афзоиши корҳои нек бигардон; ва маргро аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ.”رواه مسلم