Hadith for the World
Фиқҳи дуоҳо ва зикрҳо

Зикрҳои субҳу шом

4 hadiths

4 hadiths

عن عبد الله بن مسعود رضي الله عنه قال: كان نبي الله صلى الله عليه وسلم إذا أمسى قال: «أمسينا وأمسى الملك لله، والحمد لله، لا إله إلا الله وحده لا شريك له» قال الراوي: أَرَاهُ قال فِيهِنَّ: «له الملك وله الحمد وهو على كل شيء قدير، ربِّ أسألك خير ما في هذه الليلة وخير ما بعدها، وأعوذ بك من شر ما في هذه الليلة وشر ما بعدها، رب أعوذ بك من الكسل، وسُوءِ الكِبَرِ، رب أعوذ بك من عذاب في النار، وعذاب في القبر»، وإذا أصبح قال ذلك أيضا «أصبحنا وأصبح الملك لله».رواه مسلم
Аз Шаддод ибни Авс (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Сайиди истиғфор (беҳтарин дархости омурзиш) ин аст, ки бигӯед: Аллоҳумма анта раббӣ ло илоҳа илло анта халақтанӣ ва ана ъабдука ва ана ъало ъаҳдика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри мо санаъту абӯу лака биниъматика ъалайя ва абӯу бизанбӣ фағфирлӣ фаиннаҳу ло яғфируз-зунуба илло анта". Тарҷума: Парвардигоро, Ту Худои манӣ маъбуди барҳақе ҷуз Ту нест, маро офаридӣ ва ман бандаи Туам ва бар аҳд ва паймони Ту ба қадри тавон истодаам. Аз бадӣ ва зиштии он чи анҷом додаам, ба Ту паноҳ меҷӯям, ба неъматат бар хеш ва ҳам бар гуноҳонам эътироф дорам, пас маро биёмурз, зеро гуноҳонро ҷуз Ту касе намеомурзад." Фармуд: "Он ки дар рӯз онро бигӯяд, дар ҳоле ки ба он яқин дорад ва дар ҳамон рӯз пеш аз он ки шаб кунад, бимирад, аз аҳли биҳишт аст. Ва он ки дар шаб онро бигӯяд, дар ҳоле ки ба он яқин дорад ва пеш аз он ки субҳ кунад, бимирад, ӯ аз аҳли биҳишт аст."رواه البخاري
Аз Абдуллоҳ ибни Хубайб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Дар шаби боронӣ ва бисёр торик дар ҷустуҷӯи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) берун омадем, то барои мо намоз бигзорад. Пас ӯро ёфтем ва ӯ фармуд: "Бигӯ" ва ман чизе нагуфтам, сипас фармуд: "Бигӯ", вале ман чизе нагуфтам, боз фармуд:"Бигӯ", Гуфтам: Чӣ бигӯям? Фармуд: "Ҳангоми субҳ ва шом (Қул ҳуваллоҳу аҳад) ва муъаввизатайнро се бор бигӯ, туро аз ҳама чиз кифоят мекунад."رواه أبو داود والترمذي والنسائي
Аз Абумасъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст".متفق عليه