Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абдуллоҳ ибни Хубайб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:

Available in 60 languages
«Аз Абдуллоҳ ибни Хубайб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Дар шаби боронӣ ва бисёр торик дар ҷустуҷӯи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) берун омадем, то барои мо намоз бигзорад. Пас ӯро ёфтем ва ӯ фармуд: "Бигӯ" ва ман чизе нагуфтам, сипас фармуд: "Бигӯ", вале ман чизе нагуфтам, боз фармуд:"Бигӯ", Гуфтам: Чӣ бигӯям? Фармуд: "Ҳангоми субҳ ва шом (Қул ҳуваллоҳу аҳад) ва муъаввизатайнро се бор бигӯ, туро аз ҳама чиз кифоят мекунад."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Саҳобии гиромӣ Абдуллоҳ ибни Хубайб (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки дар шаби боронӣ ва бисёр торик ба ҷустуҷӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баромаданд, то ин ки барои онҳо намозро бигзорад, пас ӯро ёфтанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуд: "Бигӯ", яъне, бихон, ӯ чизе нахонд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дубора ба ӯ суханашро такрор кард. Пас Абдуллоҳ гуфт: Чӣ бихонам эй Расули Аллоҳ? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Сураи Ихлос (Қул ҳуваллоҳу аҳад) ва муъаввизатайн (Қул аъузу бираббил-лфалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)-ро се бор саҳар ва бегоҳ бихон, то туро аз ҳар гуна бадӣ ҳифз кунад.

Source
رواه أبو داود والترمذي والنسائي
Download image

Saved at original quality