Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 60 languages
«Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз зулм бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст. Ва аз бахилӣ бипарҳезед, зеро бахилӣ мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок сохт, водорашон намуд, то хунҳояшонро бирезанд ва ҳаромҳояшонро ҳалол шуморанд."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз зулм ҳушдор додааст, аз ҷумла зулм ба мардум, зулм ба худ ва зулм ба Аллоҳ Таъоло. Ва он тарки додани ҳаққи ҳар соҳибҳақ аст. Зулм дар рӯзи қиёмат барои соҳибаш торикиҳо аст ва сабаби душвориҳо ва ваҳшати рӯзи қиёмат аст. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз бахилӣ наҳйи карданд, ки он бахилии шадид, бо ҳирс ва тамаъ аст. Ва аз ҷумлаи он, кутоҳӣ дар адои ҳуқуқи молӣ ва ҳирси шадид бар дунё аст. Ва ин навъ аз зулм, умматҳоеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок кард, чунон ки онҳоро маҷбур сохт якдигарро бикушанд ва он чиро Аллоҳ ҳаром карда буд, ҳалол бишморанд.

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality