Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт:

Available in 56 languages
«Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд, Ҷабраил (алайҳис-салом) ҳар шаби моҳи Рамазон бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мулоқот мекард ва Қуръонро такрор мекарданд. Саховатмандии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хайру хубиҳо аз боди вазанда дида бештар буд.»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бахшандатарини мардумон буд. Бахшиданҳои ӯ дар моҳи Рамазон бештар мешуд, зеро он чизе, ки сазовори бахшидан буд, ба касе, медод, ки сазовори он бахшиш буд. Сабаб бештар шудани саховатмандиаш дар моҳи Рамазон ду чиз буд: Якум: Мулоқоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо Ҷабраил (алайҳис-салом). Дувум: Мулоҳиза ва такрори Қуръон бо Ҷабраил (алайҳис-салом), яъне хондани Қуръон аз ҳифз. Ҷабраил (алайҳис-салом) бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамаи он оятҳоеро, ки аз Қуръон нозил шуда буд, бо ӯ мехонд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар саховатмандӣ, бахшандагӣ, анҷоми корҳои нек ва манфиатрасонӣ ба мардум аз боди хубе, ки Худованд бо борону раҳмат мефиристод, бештар ва сареътар фоида мерасонд.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality