Hadith for the World
Фиқҳи ахлоқ

Ахлоқи писандида

35 hadiths

35 hadiths

Аз Саъд ибни Абиваққос (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мефармуд: "Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад"رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Комилтарин мӯъминон аз нигоҳи имон касоне ҳастанд, ки хушахлоқтарин ҳастанд, ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки беҳтарин барои занонашон ҳастанд".رواه أبو داود والترمذي وأحمد
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ҳамсари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Меҳрубонӣ дар ҳар чизе буд онро зиннат мебахшад ва аз ҳар чизе гирифта шавад, онро зишт месозад".رواه مسلم
Аз Оиша (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Муъмин бо ахлоқи нек мақоми шахси рузадори шабзиндадорро дармеёбад".رواه أبو داود وأحمد
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) на баддаҳон буд ва на дашномгӯ ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: "Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд".متفق عليه
Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда".متفق عليه
عَنْ أَبِي مُوسَى الأَشْعَرِيِّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «أَطْعِمُوا الجَائِعَ، وَعُودُوا المَرِيضَ، وَفُكُّوا العَانِيَ».رواه البخاري
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад."رواه أبو داود والترمذي وأحمد
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад."متفق عليه
عَن أَبي هُرَيْرَةَ، قَالَ: قَامَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي صَلاَةٍ وَقُمْنَا مَعَهُ، فَقَالَ أَعْرَابِيٌّ وَهُوَ فِي الصَّلاَةِ: اللَّهُمَّ ارْحَمْنِي وَمُحَمَّدًا، وَلاَ تَرْحَمْ مَعَنَا أَحَدًا. فَلَمَّا سَلَّمَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ لِلْأَعْرَابِيِّ: «لَقَدْ حَجَّرْتَ وَاسِعًا» يُرِيدُ رَحْمَةَ اللهِ.رواه البخاري
عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: «إِنَّ اللَّهَ قَالَ: إِذَا ابْتَلَيْتُ عَبْدِي بِحَبِيبَتَيْهِ فَصَبَرَ، عَوَّضْتُهُ مِنْهُمَا الجَنَّةَ» يُرِيدُ: عَيْنَيْهِ.رواه البخاري