TG
Таҳорат
Суннатҳои фитрат
3 hadiths
آداب قضاء الحاجة
1
Суннатҳои фитрат
3
Таҳорат
8
الغسل
2
التيمم
1
الحيض والنفاس والاستحاضة
1
المسح على الخفين ونحوهما
2
3 hadiths
Аз Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте шаб аз хоб бедор мешуд, даҳонашро бо мисвок пок мекард.
متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Умури фитрат панҷ чиз аст: хатна кардан, тоза кардани мӯйҳои зери ноф, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун ва кандани мӯйҳои зери бағал."
متفق عليه
Аз Шурайҳ ибни Ҳониъ ривоят аст, ки гуфт: Аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) пурсидам: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақто ки хона медаромад бо чи чиз оғоз мекард? Гуфт: Бо мисвок (яъне дандонҳошро мисвок мекард).
رواه مسلم