TG
Ҳадис ва илмҳои он
Бахшҳои умумӣ дар суннат
3 hadiths
Аҳамияти суннат ва манзилати он
3
3 hadiths
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад".
رواه البخاري
Аз Самура ибни Ҷундуб ва Муғира ибни Шуъба (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфтанд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе, ки аз номи ман ҳадисе ривоят кунад, дар ҳолате ки гумон меравад он дурӯғ бошад, пас ӯ яке аз ду дурӯғгӯ аст."
رواه مسلم في مقدمته
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бибандад, ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах муҳайё созад."
متفق عليه