Hadith for the World
Имон ба қазо ва қадар

Маротиби қазо ва қадар

2 hadiths

2 hadiths

Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе пушти сари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (бар маркаб нишаста) будам, ки фармуданд: "Эй ҷавон! Ба ту чанд панд меомӯзонам, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, ӯ Таъолоро пеши рӯи худ биёбӣ. Агар чизе мехоҳӣ, аз Худо бихоҳ ва агар ёрӣ мехоҳӣ аз Худо ёрӣ бихоҳ. Бидон агар тамоми мардумон ҷамъ оянд, то туро ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ончи Худо бар ту навиштааст, ва агар тамоми мардумон ҷамъ оянд то бар ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд магар ончи, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва саҳифаҳо хушк шудаанд".رواه الترمذي
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Худованд панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниш замин ва осмонҳо, тақдири халоиқро навиштааст, ва фармуд: Арши Худованд болои об буд".رواه مسلم