Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абубакра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 65 languages
«Аз Абубакра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?". Се маротиба такрор карданд. Гуфтанд: Бале, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: "Шарик овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ кардан ба падару модар". Дар ҳоле ки такя карда буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед (яке аз бузургтарин гуноҳи кабира ин) сухан ва гувоҳии дурӯғ аст". Ровӣ мегӯяд: Ҳамчунон инро такрор мекард, то ин ки гуфтем, кош сукут мекарданд.»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳобагонашро аз бузургтарин гуноҳони кабира хабар додааст, аз он ҷумла сетояшро зикр кардааст: 1. Ширк овардан ба Аллоҳ, ки иборат аст аз: Анҷом додани ҳар навъ аз ибодат барои ғайри Аллоҳ ва баробар кардани ғайри дигар чиз ба Аллоҳ дар улуҳият, рубубият ва номҳову сифатҳои Ӯ. 2. Нофармонӣ аз падару модар: Озор додани падару модар бо гуфтор, рафтор ва беэътиноӣ ва тарки некӣ кардан ба онҳо. 3. Сухани бардурӯғ ва аз ҷумлаи сухани дурӯғ, ин шаҳодати бардурӯғ аст. Ва он иборат аст аз ҳар сухани дурӯғе, ки бо ҳадафи таҳқиру кам шумурдани шахсе дар баробари ба даст овардани мол ё дастдарозӣ ба номусу обурӯйи он шахс ва монанди ин корҳо сурат мегирад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба сухани дурӯғ ва барои зишт будан ва осори баде, ки бар ҷомеа мегузорад, такрор ба такрор ҳушдор доданд. То ҷое, ки саҳоба аз рӯйи дилсӯзӣ барои он ҳазрат ва бад донистани он чи сабаби озори Ӯ мешавад, гуфтанд, ки кош ин гуфтаро зиёд идома намедоданд.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality