Hadith for the World
Имониёт ва пандҳо

Накуҳиши гуноҳон

6 hadiths

6 hadiths

Аз Абубакра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?". Се маротиба такрор карданд. Гуфтанд: Бале, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: "Шарик овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ кардан ба падару модар". Дар ҳоле ки такя карда буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед (яке аз бузургтарин гуноҳи кабира ин) сухан ва гувоҳии дурӯғ аст". Ровӣ мегӯяд: Ҳамчунон инро такрор мекард, то ин ки гуфтем, кош сукут мекарданд.متفق عليه
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ".رواه البخاري
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Мисоли ҳамнишини некӯ ва ҳамнишини бад монанди касе аст, ки мушк ҳамроҳи худ дорад ва касе, ки дар кӯра медамад. Он ки бо худ мушк дорад (аттор) ё аз он ба ту медиҳад, ё аз ӯ мехарӣ, ё аз он бӯйи хуш хоҳи ёфт. Аммо он ки дар кӯра медамад (оҳангар) ё либосатро месӯзонад, ё аз бӯйи бадаш ба ту мерасад."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед" Гуфтанд: эй Расули Худо онҳо кадомҳоянд? Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ширк овардан ба Худованд, ҷодугарӣ, куштани ҷоне, ки Худованд ҳаром гардонидааст, магар ба ҳақ, хӯрдани рибо (судхӯрӣ), хурдани моли ятим, гурез дар рӯзи набард ва туҳмат задан ба занони покдомани мӯъмини ноогоҳ".متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳамаи уммати ман дар амон хоҳанд буд, магар ошкоркунандагон, онон, ки гуноҳони худро ошкор мекунанд. Ва аз ҷумлаи чунин корҳо ин аст, ки шахс дар шаб амалеро (гуноҳеро) анҷом диҳад ва шабро ба саҳар бирасонад, дар ҳоле ки Аллоҳ онро бар ӯ пӯшонидааст, пас бигӯяд: Эй фалонӣ! Дишаб чунину чунон кардам. Ӯ шабро гузаронд, дар ҳоле ки Парвардигораш ӯро пӯшонида буд, сипас саҳар пӯшиши Парвардигорро аз худ бармедорад."متفق عليه
عن أبي هريرة عن النبي صلى الله عليه وسلم قال: «لعن الله السارق، يسرق البَيْضَةَ فَتُقْطَعُ يده، ويسرِقُ الحَبْلَ فَتُقْطَعُ يَدُهُ».متفق عليه