Hadith for the World
Фазоил ва одоб

Имониёт ва пандҳо

63 hadiths

63 hadiths

Аз Абубакра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?". Се маротиба такрор карданд. Гуфтанд: Бале, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: "Шарик овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ кардан ба падару модар". Дар ҳоле ки такя карда буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед (яке аз бузургтарин гуноҳи кабира ин) сухан ва гувоҳии дурӯғ аст". Ровӣ мегӯяд: Ҳамчунон инро такрор мекард, то ин ки гуфтем, кош сукут мекарданд.متفق عليه
عن أنس بن مالك رضي الله عنه أنَّ رَجُلاً كَانَ عِند النَبِيَّ صلى الله عليه وسلم فَمَرَّ رَجُلٌ بِهِ، فقال: يا رسول الله، أنِّي لَأُحِبُّ هَذَا، فَقَال لَهُ النَبِيُّ صلى الله عليه وسلم : «أَأَعْلَمْتَهُ؟» قال: لا. قال: «أَعْلِمْهُ»، فَلَحِقَهُ، فقال: إِنِّي أُحِبُّك فِي الله، فقال: أّحَبَّك الَّذِي أَحْبَبْتَنِي لَهُ.رواه أبو داود والنسائي في الكبرى وأحمد
عن أبي موسى الأشعري رضي الله عنه قَالَ: قالَ رسول اللَّه -صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم-: «إِنَّ مِنْ إِجْلاَلِ الله -تَعَالَى-: إِكْرَامَ ذِي الشَّيْبَةِ المُسْلِمِ، وَحَامِلِ القُرْآنِ غَيرِ الغَالِي فِيه، وَالجَافِي عَنْه، وَإِكْرَام ذِي السُّلْطَان المُقْسِط».رواه أبو داود
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ".رواه البخاري
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат, дунё ширину сарсабз аст ва Аллоҳ дар он шуморо ҷонишин қарор додааст ва мебинад, ки чӣ гуна амал хоҳед кард. Пас аз дунё ва аз занон битарсед. Зеро аввалин фитнае, ки дар бани Исроил рух дод, дар занон буд."رواه مسلم
عن عبد الله بن عمرو بن العاص رضي الله عنهما مرفوعاً: «ليس منا من لم يَرحمْ صغيرنا، ويَعرفْ شَرَفَ كبيرنا».رواه أبو داود والترمذي وأحمد
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи қиёмат пурсид. Гуфт: "Қиёмат кай мешавад?" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Барои он чӣ омода кардаӣ?" Мард гуфт: "Ҳеҷ чиз омода накардаам, ҷуз он ки ман Аллоҳ ва Паёмбарашро дӯст медорам." Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ту бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ." Анас мегӯяд: Мо аз чизе ба монанди ин сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хушҳол нашудем, ки гуфт: "Ту бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ." Анас мегӯяд: "Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Абубакр ва Умарро дӯст медорам ва умедворам, ки ба хотири дӯст доштани онҳо бо онҳо хоҳам буд, ҳарчанд ки ба монанди амалҳои онҳо амал накунам."متفق عليه
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Мисоли ҳамнишини некӯ ва ҳамнишини бад монанди касе аст, ки мушк ҳамроҳи худ дорад ва касе, ки дар кӯра медамад. Он ки бо худ мушк дорад (аттор) ё аз он ба ту медиҳад, ё аз ӯ мехарӣ, ё аз он бӯйи хуш хоҳи ёфт. Аммо он ки дар кӯра медамад (оҳангар) ё либосатро месӯзонад, ё аз бӯйи бадаш ба ту мерасад."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Санҷишҳо ва балоҳо бар марду зани муъмин дар худаш, фарзандонаш ва молу дороияш ҳамчунон давом мекунад, то вақте ки Аллоҳ Таъолоро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки ҳеҷ хато ва гуноҳе надорад."رواه الترمذي وأحمد
Аз Суҳайб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Чи басо тааҷҷубовар аст кори муъмин, ки тамоми кораш хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин. Агар хушие ба ӯ расад, шукр мегӯяд ва барои ӯ хайр аст. Ва агар зиёне ба ӯ расад, сабр мекунад ва барои ӯ хайр мешавад."رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед" Гуфтанд: эй Расули Худо онҳо кадомҳоянд? Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ширк овардан ба Худованд, ҷодугарӣ, куштани ҷоне, ки Худованд ҳаром гардонидааст, магар ба ҳақ, хӯрдани рибо (судхӯрӣ), хурдани моли ятим, гурез дар рӯзи набард ва туҳмат задан ба занони покдомани мӯъмини ноогоҳ".متفق عليه
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".رواه مسلم
Аз Убода (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас гувоҳӣ диҳад, ки нест Худои барҳаққе магар Аллоҳи ягонаи бешарик ва ин ки Муҳаммад бандаи Ӯ ва фиристодаи Ӯст. Ва Исо банда ва фиристода ва калимаи Ӯст, ки ӯро ба Марям илқо намуд ва рӯҳе аз ҷониби Ӯ аст (ва низ махлуқ аст). Ва биҳишт ҳақ аст ва дӯзах ҳақ аст, Аллоҳ Таъоло бо ҳар амале, ки дошта бошад, ӯро вориди биҳишт мекунад."متفق عليه
عن معاذ بن جبل رضي الله عنه عن رسول الله صلى الله عليه وسلم أنه قال: «قَالَ اللهُ -عَزَّ وجَلَّ-: المُتَحَابُّون فِي جَلاَلِي، لَهُم مَنَابِرُ مِن نُورٍ يَغْبِطُهُم النَبِيُّونَ والشُهَدَاء».رواه الترمذي وأحمد
Аз ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он".رواه البخاري
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضيَ اللهُ عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «الدُّنْيَا سِجْنُ الْمُؤْمِنِ وَجَنَّةُ الْكَافِرِ».رواه مسلم
عن أبي هريرة رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: «إنَّ في الجنَّة مائةَ دَرَجَة أعَدَّهَا الله للمُجاهِدين في سَبِيل الله ما بَيْنَ الدَّرَجَتَيْنِ كما بين السماء والأرض».رواه البخاري
عن سهل بن سعد الساعدي ـرضي الله عنه- قَالَ رَسُول اللَّه -صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم-: «لو كانت الدنيا تَعدل عند الله جَناح بَعوضة، ما سَقَى كافراً منها شَرْبَة ماء».رواه الترمذي
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳамаи уммати ман дар амон хоҳанд буд, магар ошкоркунандагон, онон, ки гуноҳони худро ошкор мекунанд. Ва аз ҷумлаи чунин корҳо ин аст, ки шахс дар шаб амалеро (гуноҳеро) анҷом диҳад ва шабро ба саҳар бирасонад, дар ҳоле ки Аллоҳ онро бар ӯ пӯшонидааст, пас бигӯяд: Эй фалонӣ! Дишаб чунину чунон кардам. Ӯ шабро гузаронд, дар ҳоле ки Парвардигораш ӯро пӯшонида буд, сипас саҳар пӯшиши Парвардигорро аз худ бармедорад."متفق عليه
Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки пеш аз вафоташон се чизро баён карданд: "Ҳеҷ яке аз шумо намирад, магар он ки нисбати Худованд гумони хуб дошта бошад".رواه مسلم
عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ رَضيَ اللهُ عنهُ أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «يَا أَبَا سَعِيدٍ، مَنْ رَضِيَ بِاللهِ رَبًّا، وَبِالْإِسْلَامِ دِينًا، وَبِمُحَمَّدٍ نَبِيًّا، وَجَبَتْ لَهُ الْجَنَّةُ»، فَعَجِبَ لَهَا أَبُو سَعِيدٍ، فَقَالَ: أَعِدْهَا عَلَيَّ يَا رَسُولَ اللهِ، فَفَعَلَ، ثُمَّ قَالَ: «وَأُخْرَى يُرْفَعُ بِهَا الْعَبْدُ مِائَةَ دَرَجَةٍ فِي الْجَنَّةِ، مَا بَيْنَ كُلِّ دَرَجَتَيْنِ كَمَا بَيْنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ»، قَالَ: وَمَا هِيَ يَا رَسُولَ اللهِ؟ قَالَ: «الْجِهَادُ فِي سَبِيلِ اللهِ، الْجِهَادُ فِي سَبِيلِ اللهِ».رواه مسلم
عن أنس رضي الله عنه مرفوعاً: «يَتْبَعُ الميتَ ثلاثةٌ: أهْلُه ومَالُه وعَمَلُه، فيرجع اثنان ويَبْقى واحد: يرجع أهْلُه ومَالُه، ويبقى عَمَلُه».متفق عليه
عن أنس بن مالك رضي الله عنه مرفوعاً: «يُؤتى بأنعم أهل الدنيا من أهل النار يوم القيامة، فَيُصْبَغُ في النار صَبْغَةً، ثم يقال: يا ابن آدم، هل رأيت خيرًا قطُّ؟ هل مَرَّ بك نَعِيمٌ قطُّ؟ فيقول: لا والله يا رب، وَيُؤْتَى بأشدِّ الناس بُؤسًا في الدنيا من أهل الجَنَّة، فَيُصْبَغُ صَبْغَةً في الجنَّة، فيقال له: يا ابن آدم، هل رأيت بُؤسًا قط؟ هل مَرَّ بك شِدَّةٌ قط؟ فيقول: لا والله، ما مَرَّ بي بُؤْسٌ قطٌّ، ولا رأيت شِدةً قَطُّ».رواه مسلم
Аз Нувос ибни Симъони Ансорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи некӣ ва гуноҳ пурсидам, фармуданд: "Некӣ, ахлоқи нек аст, ва гуноҳ он чизест, ки дар дилат нооромӣ эҷод кунад ва нахоҳӣ ки мардум аз он огоҳ шаванд".رواه مسلم