Hadith for the World
Имониёт ва пандҳо

Тазкияи нафс

9 hadiths

9 hadiths

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Санҷишҳо ва балоҳо бар марду зани муъмин дар худаш, фарзандонаш ва молу дороияш ҳамчунон давом мекунад, то вақте ки Аллоҳ Таъолоро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки ҳеҷ хато ва гуноҳе надорад."رواه الترمذي وأحمد
Аз Суҳайб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Чи басо тааҷҷубовар аст кори муъмин, ки тамоми кораш хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин. Агар хушие ба ӯ расад, шукр мегӯяд ва барои ӯ хайр аст. Ва агар зиёне ба ӯ расад, сабр мекунад ва барои ӯ хайр мешавад."رواه مسلم
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз китфи ман дошта чунин фармуданд: "Дар дунё он чуноне бош, ки гӯё ғариб ва ё роҳгузаре ҳастӣ». Ва Ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) (ҳамеша) мегуфт: "Ҳар гоҳ шаб фаро расад, мунтазири субҳ набош ва ҳар гоҳ ки ба субҳ расидӣ, мунтазири шаб набош. Ва аз сиҳатмандии худ (чизе) барои бемориат ва аз ҳаёти худ (чизе) барои маргат бигир.رواه البخاري
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед; мусулмон бародари мусулмон аст, бар ӯ зулм накунад, ӯро хиёнат накунад, ӯро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷост». -Ва ба синаи худ се бор ишорат кард– «Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ".رواه مسلم
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضيَ اللهُ عنهُ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «انْظُرُوا إِلَى مَنْ أَسْفَلَ مِنْكُمْ، وَلَا تَنْظُرُوا إِلَى مَنْ هُوَ فَوْقَكُمْ، فَهُوَ أَجْدَرُ أَلَّا تَزْدَرُوا نِعْمَةَ اللهِ عَلَيْكُمْ».متفق عليه
عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «نِعْمَتَانِ مَغْبُونٌ فِيهِمَا كَثِيرٌ مِنَ النَّاسِ: الصِّحَّةُ وَالفَرَاغُ».رواه البخاري
Аз Абумолики Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро пур мекунанд. Намоз нур аст, садақа бурҳон аст, сабр равшанӣ аст ва Қуръон далел (ҳуҷҷат)-е аст барои ту ё бар алайҳи ту. Ҳамаи мардум субҳ (аз хона) берун мешаванд, дар ҳоле ки нафси худро фурӯхтаанд, пас он (яъне нафси худ)-ро ё озод кардаанд ва ё ҳалок сохтаанд".رواه مسلم
Аз Суфён ибни Абдуллоҳи Сақафӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".رواه مسلم وأحمد
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «سَبْعَةٌ يُظِلُّهُمُ اللَّهُ تَعَالَى فِي ظِلِّهِ يَوْمَ لاَ ظِلَّ إِلَّا ظِلُّهُ: إِمَامٌ عَدْلٌ، وَشَابٌّ نَشَأَ فِي عِبَادَةِ اللَّهِ، وَرَجُلٌ قَلْبُهُ مُعَلَّقٌ فِي المَسَاجِدِ، وَرَجُلاَنِ تَحَابَّا فِي اللَّهِ، اجْتَمَعَا عَلَيْهِ وَتَفَرَّقَا عَلَيْهِ، وَرَجُلٌ دَعَتْهُ امْرَأَةٌ ذَاتُ مَنْصِبٍ وَجَمَالٍ فَقَالَ: إِنِّي أَخَافُ اللَّهَ، وَرَجُلٌ تَصَدَّقَ بِصَدَقَةٍ فَأَخْفَاهَا حَتَّى لاَ تَعْلَمَ شِمَالُهُ مَا تُنْفِقُ يَمِينُهُ، وَرَجُلٌ ذَكَرَ اللَّهَ خَالِيًا، فَفَاضَتْ عَيْنَاهُ».متفق عليه