Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 65 languages
«Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ".»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба баёни гуноҳони кабира пардохтанд ва манзур аз гуноҳони кабира он гуноҳоне ҳастанд, ки анҷомдиҳандааш ба ваъиди шадид дар дунё ва охират таҳдид шудааст. Нахустини он гуноҳон "Ширк овардан ба Аллоҳ" аст. Ширк, яъне анҷом додани ҳар ибодате барои ғайри Аллоҳ ва баробар сохтани касе ё чизе ба Аллоҳ дар яке аз хусусиятҳои улуҳият ва рубубият ва номҳову сифатҳои Аллоҳ аст. Дувум: "Оқи волидайн", яъне, ҳар амале, ки ба падару модар озор мерасонад, чи дар гуфтор ва чи дар рафтор бошад (оқи волидайн) аст. Инчунин беэътиноӣ ва некӣ накардан дар ҳаққи онҳо низ (дар ин гуноҳ) шомил мешавад. Ва сеюм: "Куштани инсон", албатта, агар куштани ноҳақ бошад, монанди куштан аз рӯйи зулм ва таҷовуз дар ҳаққи дигаре. Чаҳорум: "Савганди бардурӯғ", яъне савганде, ки шахси савгандхӯрда медонад, ки савгандаш дурӯғ аст. Ин савгандро "ғамус" (ғутавар) ном ниҳодаанд, ки соҳибашро дар гуноҳ ё дар оташи дӯзах ғутавар месозад.

Source
رواه البخاري
Download image

Saved at original quality