Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд:

Available in 59 languages
«Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Мисоли ҳамнишини некӯ ва ҳамнишини бад монанди касе аст, ки мушк ҳамроҳи худ дорад ва касе, ки дар кӯра медамад. Он ки бо худ мушк дорад (аттор) ё аз он ба ту медиҳад, ё аз ӯ мехарӣ, ё аз он бӯйи хуш хоҳи ёфт. Аммо он ки дар кӯра медамад (оҳангар) ё либосатро месӯзонад, ё аз бӯйи бадаш ба ту мерасад."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ду тоифаи мардум масал оварданд: Тоифаи аввал: Ҳамнишин ва дӯсти некӯкоре, ки ба сӯи Аллоҳ ва розигии Ӯ роҳнамоӣ мекунад ва дар роҳи тоати Ӯ ёрӣ мерасонад. Пас ӯ монанди фурӯшандаи мушк аст, ки ё ба ту атр медиҳад, ё аз ӯ мехарӣ, ё аз ӯ бӯйи хуш ба машомат мерасад. Тоифаи дуввум: Ҳамнишин ва дӯсти бад, ки туро аз роҳи Аллоҳ боз медорад ва дар содир кардани гуноҳ туро ёрӣ мерасонад ва аз ӯ кори зишт мебинӣ ва бо сабаби ҳамнишинӣ бо ӯ сарзаниш мешавӣ. Пас ӯ монанди оҳангаре аст, ки дар оташи кӯрааш медамад, ё либосат ба сабаби шарораҳои он месӯзад, ё ин ки ба сабаби наздикӣ ба ӯ бӯйи бадаш ба ту мерасад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality