Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Сират ва таърих

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:

Available in 56 languages
«Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки дар хилвати худ аст, бештар буд. Агар чизеро медид ва барояш нописанд мебуд, асари онро мо дар чеҳрааш эҳсос мекардем.»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки ҳанӯз издивоҷ накардааст ва бо мардон муоширате надошта ва дар хонааш аз чашмҳо пинҳон аст, боҳаётар буд. Аз шиддати ҳаёе, ки доштанд, агар чизеро намеписандиданд, аз рӯяшон маълум мешуд, рӯяшон тағйир меёфт, вале чизе намегуфтанд, балки асҳобашон аз чеҳраи муборакашон мефаҳмиданд, ки он чиз ба эшон писанд нест.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality