Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 54 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ рӯзеро бандагон саҳар намекунанд магар ин ки ду фаришта фуруд меояд. Яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки инфоқ мекунад, ивази онро бидиҳ! Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки бозмедорад, талаф бидеҳ!" (Яъне, моли бахилро талаф бидеҳ).»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳар рӯз, ки офтоб тулуъ мекунад ду фаришта фуруд меояд ва нидо мекунад, яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки молашро дар роҳи тоатҳо, барои аҳли хона, меҳмон ва корҳои хайру нек сарф мекунад, ивази беҳтар аз он чи сарф намудааст бидеҳ, бо беҳтаринаш иваз кун ва барояш баракат бидеҳ. Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки аз инфоқ кардан даст боз медорад талаф ва зарар бидеҳ ва молеро, ки аз ҳақдоронаш боздоштааст, нобуд гардон.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality