Фиқҳ ва усули фиқҳ
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
Available in 53 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ гуфт: Ҳар амал (кор)-и фарзанди Одам барои худи ӯст, ҷуз рӯза, ки он барои Ман аст ва ман Худам подоши онро медиҳам. Рӯза сипар (дар баробари оташи дӯзах) аст. Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯзадор бошад, набояд бадзабонӣ кунад ва фарёд бизанад. Агар касе ӯро дашном диҳад ё ҷанҷол кунад, бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам. Савганд ба Зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, бӯӣ даҳони рӯзадор дар назди Аллоҳ аз бӯӣ мушк беҳтар аст. Барои рӯзадор ду хушнудӣ аст, ки дар он хушҳол мешавад: замоне ки ифтор мекунад, аз ифтораш хушҳол мешавад ва ҳангоме ки бо Парвардигораш мулоқот мекунад аз рӯзаи гирифтааш шодмон мешавад."»Meaning translation ·
Saved at original quality








