Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:

Available in 53 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Аллоҳ Азза ва Ҷалла мегӯяд: Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам. Агар Манро дар дили худ ёд кунад, Ман ӯро дар назди Худ ёд мекунам. Агар Манро дар миёни ҷамъе ёд кунад, Ман ӯро дар ҷамъе беҳтар аз онҳо ёд мекунам. Агар ба андозаи як ваҷаб ба Ман наздик шавад, Ман ба ӯ ба андозаи зироъ (як даст) наздик мешавам. Агар ба андозаи як зироъ наздик шавад, Ман ба андозаи як боъ (ду дасти боз) ба ӯ наздик мешавам. Агар ӯ ба сӯи Ман қадамзанон биёяд, Ман ба сӯи ӯ бо шитоб меоям."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ман ҳамон тавре ҳастам, ки бандаи Ман дар ҳаққи Ман гумон мебарад. Бо ӯ мувофиқи гумонаш муомила мекунам; агар умед ба раҳмати Ман ва афв дошта бошад, ба ӯ некиро мерасонам ва он чи аз Ман умедвор аст, барояш анҷом медиҳам. Ман бо ӯ ҳастам, бо раҳмату тавфиқ, ҳидоят, нигоҳдорӣ ва ёриям, вақте ки Маро ёд мекунад. Агар Манро дар танҳоӣ ва бо тасбеҳу таҳлил дар дилаш ёд кунад, Ман низ ӯро дар нафси Худ ёд мекунам. Агар Манро дар миёни ҷамъе аз мардум ёд кунад, Ман ӯро дар миёни гурӯҳе беҳтар ва афзунтар аз онҳо ёд мекунам. Ҳар ки ба сӯи Аллоҳ ба андозаи як ваҷаб наздик шавад, Аллоҳ ба сӯи ӯ ба андозаи як даст наздик мешавад. Агар банда ба сӯи Аллоҳ ба андозаи як зироъ наздик шавад, Аллоҳ ба ӯ ба андозаи ду дасти кушода наздик мешавад. Агар ба сӯи Аллоҳ қадамзанон роҳ равад, Аллоҳ ба сӯи ӯ бо шитоб (давон-давон) меояд. Вақте банда бо итоат ва рӯ овардан ба Парвардигораш наздик мешавад, Худованд низ ба ӯ наздик мешавад ва подоши ӯро аз ҳамон ҷинси амалаш ато мекунад. Ҳар қадар бандагии муъмин ба Парвардигораш комилтар шавад, ҳамон қадар ба Худо наздиктар мешавад. Ато ва подоши Худованд ҳамеша бештар аз амали банда аст, ҳам аз ҷиҳати кайфият ва ҳам аз ҷиҳати миқдор. Пас, муъмин бо гумони нек ба Аллоҳ зиндагӣ мекунад, амал мекунад, шитоб меварзад ва бар аъмолаш меафзояд, то ин ки ба дидори Аллоҳ бирасад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality