Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абусаъиди Худрӣ ва Абуҳурайра (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 54 languages
«Аз Абусаъиди Худрӣ ва Абуҳурайра (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мунодӣ нидо мекунад: шумо ҳақ доред, ки шифо ёбед ва ҳаргиз бемор нашавед, ҳақ доред, ки ҳаёт дошта бошед ва ҳаргиз намиред, ҳақ доред, ки ҳамеша ҷавон бимонед ва ҳаргиз пир нашавед, ҳақ доред, ки ҳамеша дар неъмат ва осоиш бошед ва ҳаргиз ғамгину ноумед нашавед". Он ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст, ки мегӯяд: ([Он гоҳ] Ба онон нидо дода мешавад, ки: «Ин биҳишт ба подоши он чи мекардед, ба шумо расидааст») (Сураи Аъроф, ояти 43).»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки мунодие аҳли биҳиштро, ки дар ҳоли нозу неъмати биҳишт ҳастанд нидо мекунад ва мегӯяд: Ҳамеша дар биҳишт сиҳат саломат хоҳед монд ва ҳаргиз дар инҷо бемор намешавед, ҳатто андаке ҳам. Зинда хоҳед буд ва ҳаргиз намемиред, ҳатто агар он мурдан марги кучаке ҳам бошад (яъне, хоб). Ҷавон хоҳед монд ва ҳаргиз дар биҳишт пир намешавед. Ҳақ доред, ки дар нушу неъмат бошед ва ҳаргиз ғамгину нороҳат нашавед. Он ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст, ки мегӯяд: ([Он гоҳ] Ба онон нидо дода мешавад, ки: «Ин биҳишт ба подоши он чи мекардед, ба шумо расидааст») (Сураи Аъроф, ояти 43).

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality