Фазоил ва одоб
Аз Шаддод ибни Авс (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
Available in 60 languages
«Аз Шаддод ибни Авс (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Сайиди истиғфор (беҳтарин дархости омурзиш) ин аст, ки бигӯед: Аллоҳумма анта раббӣ ло илоҳа илло анта халақтанӣ ва ана ъабдука ва ана ъало ъаҳдика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри мо санаъту абӯу лака биниъматика ъалайя ва абӯу бизанбӣ фағфирлӣ фаиннаҳу ло яғфируз-зунуба илло анта".
Тарҷума: Парвардигоро, Ту Худои манӣ маъбуди барҳақе ҷуз Ту нест, маро офаридӣ ва ман бандаи Туам ва бар аҳд ва паймони Ту ба қадри тавон истодаам. Аз бадӣ ва зиштии он чи анҷом додаам, ба Ту паноҳ меҷӯям, ба неъматат бар хеш ва ҳам бар гуноҳонам эътироф дорам, пас маро биёмурз, зеро гуноҳонро ҷуз Ту касе намеомурзад."
Фармуд: "Он ки дар рӯз онро бигӯяд, дар ҳоле ки ба он яқин дорад ва дар ҳамон рӯз пеш аз он ки шаб кунад, бимирад, аз аҳли биҳишт аст. Ва он ки дар шаб онро бигӯяд, дар ҳоле ки ба он яқин дорад ва пеш аз он ки субҳ кунад, бимирад, ӯ аз аҳли биҳишт аст."»Meaning translation ·
Saved at original quality








