Hadith for the World

All hadiths

The complete card collection, filter by chapter

655 hadiths

Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки мегуфт: "Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد
عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: «ما نهيتكم عنه فاجتنبوه، وما أمرتكم به فأْتُوا منه ما استطعتم، فإنما أَهلَكَ الذين من قبلكم كثرةُ مسائلهم واختلافهم على أنبيائهم».متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад; ва ҳар ки (кори) дармондаеро осон кунад, Худои Таъоло бар вай дар дунёву охират осонӣ расонад; ва ҳар ки (айби) мусулмонеро бипӯшонад, Худо (гуноҳи) ӯро дар дунёву охират пӯшида дорад. Ва Худо дар ёрии банда аст, модоме ки банда дар (фикри) ёрӣ намудани бародар (-и мусулмон)-аш бошад. Ҳар ки дар ҷустуҷӯи илмомӯзӣ бошад, Худо ба (баракати) он илм роҳеро ба сӯйи ҷаннат бар вай осон созад. Ҳар гоҳ ки мардуме дар масҷиде аз масоҷид ҷамъ омада, Қуръон тиловат кунанд ва аз он дарс омӯзанд, пас бар дилҳои онҳо оромӣ нозил шавад ва раҳмати Худо онҳоро фаро гирад ва малоикаҳо онҳоро иҳота кунанд ва Худо онҳоро дар байни касоне, ки назди Ӯст, ёд кунад; ва ҳар ки дар амал сустӣ кунад, ҳеҷ гоҳ насабаш ӯро ба ҷое нарасонадرواه مسلم
عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: «وَاللهِ إني لأَسْتَغْفِرُ اللهَ وأَتُوبُ إليهِ في اليومِ أَكْثَرَ من سَبْعِينَ مَرَّةً».رواه البخاري
عن الْأَغَرِّ رضي الله عنه، وَكَانَ مِنْ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «يَا أَيُّهَا النَّاسُ تُوبُوا إِلَى اللهِ، فَإِنِّي أَتُوبُ فِي الْيَوْمِ إِلَيْهِ مِائَةَ مَرَّةٍ».رواه مسلم
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ривояте аз Аллоҳ Таборак ва Таоло меорад, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Эй бандагони Ман! ҳамоно ман зулмро бар Худ ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулм накунед!. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ӯро ҳидоят кардаам, пас аз Ман роҳи рост талаб кунед, то шуморо роҳнамоӣ кунам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гуруснаед, магар касе, ки ӯро таом додаам, пас аз Ман талаб кунед то шуморо бихуронам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо бараҳнаед, магар касе, ки ӯро пӯшонидаам, пас аз Ман бихоҳед то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони Ман! Шумо шабу рӯз хато мекунед ва Ман ҳастам, ки гуноҳонро мебахшам, пас аз Ман омӯрзиш биталабед, то шуморо биомурзам. Эй бандагони Ман шумо ҳаргиз наметавонед ба Ман зараре бирасонед ва ҳаргиз фоидае бар Ман наметавонед бирасонед. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо, инс ва ҷинни шумо ҳама бар парҳезгортарин қалби фарде аз шумо (ҷамъ) оянд, ҳеҷ чизе дар мулки Ман намеафзояд. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама бар бадкирдортарин қалби як фарде аз шумо (ҷамъ) оянд ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намекунад. Эй бандагони Ман! агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама дар як майдон (ҷамъ) оянд ва аз Ман хоҳиш кунанд ва ба ҳар яки шумо ончи мехоҳандро бидиҳам, ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намешавад, магар ба андозаи як сӯзан, ки дар баҳр фурӯ бурда шавад. Эй бандагони Ман! Ин амалҳои шумо аст, ки онҳоро барои шумо бармешуморам, сипас (подоши) онҳоро барои шумо комил медиҳам, пас ҳар кӣ хайр ва некӣ дарёфт Худоро ҳамд гӯяд ва ҳар кӣ ғайри онро дарёфт, ҷуз худаш касеро маломат накунад".رواه مسلم
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе пушти сари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (бар маркаб нишаста) будам, ки фармуданд: "Эй ҷавон! Ба ту чанд панд меомӯзонам, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, ӯ Таъолоро пеши рӯи худ биёбӣ. Агар чизе мехоҳӣ, аз Худо бихоҳ ва агар ёрӣ мехоҳӣ аз Худо ёрӣ бихоҳ. Бидон агар тамоми мардумон ҷамъ оянд, то туро ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ончи Худо бар ту навиштааст, ва агар тамоми мардумон ҷамъ оянд то бар ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд магар ончи, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва саҳифаҳо хушк шудаанд".رواه الترمذي
عن أبي ذر رضي الله عنه قال: قال النبي صلى الله عليه وسلم :«عُرِضَتْ عَلَيَّ أعمالُ أُمتي، حَسَنُهَا وسَيِّئُهَا فَوَجَدتُ في مَحَاسِنِ أَعْمَالِهَا الأَذَى يُمَاطُ عَنِ الطَّرِيقِ، ووَجَدتُ في مَسَاوِئِ أَعْمَالِهَا النُّخَاعَةُ تَكُونُ في المَسْجِدِ لا تُدْفَنُ».رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш овардааст, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Банда гуноҳ мекунад ва сипас мегӯяд: Парвардигоро! гуноҳони маро биёмурз, Аллоҳ Таборак ва Таъоло мегӯяд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки бахшандаи гуноҳон аст ва Ӯ Таъоло барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда дубора муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Пас Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармуд: бандаам гуноҳе кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Аллоҳ Таборак ва Таъоло мефармояд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, ҳарчи мехоҳӣ бикун, ки ман туро бахшидам".متفق عليه
عن أبي أمامة رضي الله عنه أن النبي صلى الله عليه وسلم كَانَ إذا رَفَعَ مَائِدَتَهُ، قال: «الحَمْدُ للهِ حَمْدًا كَثِيرًا طَيِّبًا مُبَارَكًا فِيهِ، غَيْرَ مَكْفِيٍّ، وَلَا مُوَدَّعٍ، وَلَا مُسْتَغْنًى عَنْهُ رَبَّنَا».رواه البخاري
عن عائشة رضي الله عنها قالت: كان رسولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم إذا فَاتَتْهُ الصَّلَاةُ مِنَ الليلِ مِن وَجَعٍ أَوْ غَيْرِهِ، صَلَّى من النَّهَارِ ثِنْتَيْ عَشْرَةَ رَكْعَةً.رواه مسلم
عن عائشة رضي الله عنها والمغيرة بن شعبة رضي الله عنه : أن النبي صلى الله عليه وسلم كان يقوم من الليل حتى تَتَفَطَّرَ قَدَمَاهُ فقلت له: لم تَصْنَعُ هذا يا رسول الله، وقد غفر اللهُ لك ما تقدم من ذنبك وما تأخر؟ قال: «أَفَلَا أحب أن أكونَ عبدا شَكُورًا».حديث عائشة -رضي الله عنها-: متفق عليه. حديث المغيرة بن شعبة -رضي الله عنه-: متفق عليه
عن أبي هريرة رضي الله عنه أن النبي صلى الله عليه وسلم قال: «لا يُلْدَغُ المؤمنُ من جُحْرٍ واحد مرتين».متفق عليه
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضيَ اللهُ عنه أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «أَحَبُّ الْبِلَادِ إِلَى اللهِ مَسَاجِدُهَا، وَأَبْغَضُ الْبِلَادِ إِلَى اللهِ أَسْوَاقُهَا».رواه مسلم
Аз Ҷарир (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Касе, ки аз нармӣ (мулоимӣ) маҳрум шавад, аз хайру хубӣ (некӣ) маҳрум мешавад."رواه مسلم
عن أنس رضي الله عنه قَالَ: كُنْتُ أمشي مَعَ رسول الله صلى الله عليه وسلم وَعَلَيْهِ بُرْد نَجْرَانيٌّ غَلِيظُ الحَاشِيَةِ، فأدْرَكَهُ أعْرَابِي فَجَبذَهُ بِرِدَائِهِ جَبْذَة شَديدة، فَنَظَرْتُ إِلَى صَفْحَةِ عَاتِقِ النَّبيِّ صلى الله عليه وسلم وَقَدْ أثَّرَتْ بِهَا حَاشِيَة الرِّدَاءِ مِنْ شِدَّةِ جَبْذَتِه، ثُمَّ قَالَ: يَا مُحَمَّدُ، مُر لِي مِنْ مَالِ اللهِ الَّذِي عِنْدَكَ. فَالتَفَتَ إِلَيْهِ، فَضَحِكَ ثُمَّ أَمَرَ لَهُ بِعَطَاءٍ.متفق عليه
عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المُؤْمِنينَ رَضِيَ اللهُ عَنْهَا قَالَتْ: كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا دَخَلَ الْعَشْرُ أَحْيَا اللَّيْلَ، وَأَيْقَظَ أَهْلَهُ، وَجَدَّ وَشَدَّ الْمِئْزَرَ.متفق عليه
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад". Гуфтанд: Эй Расули Худо чи касе саркашӣ мекунад? Гуфт: "Ҳар касе аз ман итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе нофармонӣ кунад саркашӣ кардааст".رواه البخاري
Аз Абубарзаи Асламӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст."رواه الترمذي
عن أبي هريرة رضي الله عنه مرفوعاً: «لما خلق اللهُ الخَلْقَ كتب في كتاب، فهو عنده فوق العرش: إن رحمتي تَغْلِبُ غضبي». وفي رواية: «غَلَبَتْ غضبي» وفي رواية: «سَبَقَتْ غضبي».متفق عليه
عَنْ أَنَسٍ رَضيَ اللهُ عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لَوْ كَانَ لِابْنِ آدَمَ وَادِيَانِ مِنْ مَالٍ لَابْتَغَى وَادِيًا ثَالِثًا، وَلَا يَمْلَأُ جَوْفَ ابْنِ آدَمَ إِلَّا التُّرَابُ، وَيَتُوبُ اللهُ عَلَى مَنْ تَابَ».متفق عليه
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст,ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард."متفق عليه
عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: ما عاب رسول الله صلى الله عليه وسلم طعاما قط، إن اشتهاه أكله، وإن كرهه تركه.متفق عليه
عن أبي سعيد الخدري رضي الله عنه مرفوعاً: أنَّ ناسًا من الأنصارِ سألوا رسولَ الله - صلى الله عليه وسلم - فأعطاهم، ثم سألوه فأعطاهم، حتى نَفِدَ ما عنده، فقال لهم حين أنفقَ كلَّ شيءٍ بيده: «ما يَكُنْ عندي من خيرٍ فلن أَدَّخِرَهُ عَنْكُم، ومَنْ يَسْتَعْفِفْ يُعِفِّهُ اللهُ، ومَنْ يَسْتَغْنِ يُغْنِهِ اللهُ، ومَنْ يَتَصَبَّرْ يُصَبِّرْهُ اللهُ. وما أُعْطِيَ أَحَدٌ عطاءً خَيرًا وأَوسع من الصبرِ».متفق عليه