135 hadiths
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе, ки ба сӯи ҳидоят даъват кунад, барояш аҷри касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз аҷру савоби онҳо чизе кам шавад. Ва касе, ки ба сӯи гумроҳӣ даъват кунад, барояш монанди гуноҳи касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз гуноҳони онон чизе кам шавад."رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Аллоҳ Азза ва Ҷалла мегӯяд: Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам. Агар Манро дар дили худ ёд кунад, Ман ӯро дар назди Худ ёд мекунам. Агар Манро дар миёни ҷамъе ёд кунад, Ман ӯро дар ҷамъе беҳтар аз онҳо ёд мекунам. Агар ба андозаи як ваҷаб ба Ман наздик шавад, Ман ба ӯ ба андозаи зироъ (як даст) наздик мешавам. Агар ба андозаи як зироъ наздик шавад, Ман ба андозаи як боъ (ду дасти боз) ба ӯ наздик мешавам. Агар ӯ ба сӯи Ман қадамзанон биёяд, Ман ба сӯи ӯ бо шитоб меоям."متفق عليه
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ривояте аз Аллоҳ Таборак ва Таоло меорад, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Эй бандагони Ман! ҳамоно ман зулмро бар Худ ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулм накунед!. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ӯро ҳидоят кардаам, пас аз Ман роҳи рост талаб кунед, то шуморо роҳнамоӣ кунам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гуруснаед, магар касе, ки ӯро таом додаам, пас аз Ман талаб кунед то шуморо бихуронам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо бараҳнаед, магар касе, ки ӯро пӯшонидаам, пас аз Ман бихоҳед то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони Ман! Шумо шабу рӯз хато мекунед ва Ман ҳастам, ки гуноҳонро мебахшам, пас аз Ман омӯрзиш биталабед, то шуморо биомурзам. Эй бандагони Ман шумо ҳаргиз наметавонед ба Ман зараре бирасонед ва ҳаргиз фоидае бар Ман наметавонед бирасонед. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо, инс ва ҷинни шумо ҳама бар парҳезгортарин қалби фарде аз шумо (ҷамъ) оянд, ҳеҷ чизе дар мулки Ман намеафзояд. Эй бандагони Ман!
Агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама бар бадкирдортарин қалби як фарде аз шумо (ҷамъ) оянд ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намекунад. Эй бандагони Ман! агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама дар як майдон (ҷамъ) оянд ва аз Ман хоҳиш кунанд ва ба ҳар яки шумо ончи мехоҳандро бидиҳам, ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намешавад, магар ба андозаи як сӯзан, ки дар баҳр фурӯ бурда шавад. Эй бандагони Ман! Ин амалҳои шумо аст, ки онҳоро барои шумо бармешуморам, сипас (подоши) онҳоро барои шумо комил медиҳам, пас ҳар кӣ хайр ва некӣ дарёфт Худоро ҳамд гӯяд ва ҳар кӣ ғайри онро дарёфт, ҷуз худаш касеро маломат накунад".رواه مسلم
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе пушти сари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (бар маркаб нишаста) будам, ки фармуданд: "Эй ҷавон! Ба ту чанд панд меомӯзонам, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, ӯ Таъолоро пеши рӯи худ биёбӣ. Агар чизе мехоҳӣ, аз Худо бихоҳ ва агар ёрӣ мехоҳӣ аз Худо ёрӣ бихоҳ. Бидон агар тамоми мардумон ҷамъ оянд, то туро ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ончи Худо бар ту навиштааст, ва агар тамоми мардумон ҷамъ оянд то бар ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд магар ончи, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва саҳифаҳо хушк шудаанд".رواه الترمذي