Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:

Available in 60 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуо мекарданд ва мефармуданд: "Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам." Ва дар лафзи Муслим чунин омадааст: "Вақте яке аз шумо ташаҳҳудро ба охир расонд, аз чаҳор чиз ба Аллоҳ паноҳ бибарад: Аз азоби ҷаҳаннам ва азоби қабр ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз шарри Масиҳи Маҷҷол."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ташаҳҳуди охир ва пеш аз салом дар намоз аз чаҳор чиз ба Аллоҳ паноҳ мебурд ва моро фармуданд, ки аз онҳо ба Аллоҳ паноҳ бибарем: Якум: Аз азоби қабр. Дувум: Аз азоби дӯзах, ки он дар рӯзи қиёмат аст. Севум: Аз фитнаи зиндагӣ, аз ҳавасҳои ҳароми дунё ва шубҳаҳои гумроҳкунандаи он. Ва аз фитнаи марг, яъне лаҳзаи ҳозир шудани марг ва аз ҷумлаи он мунҳариф шудан аз Ислом ё аз суннат ё аз фитнаи қабр, монанди пурсидани ду фаришта. Чаҳорум: Фитнаи Даҷҷол, ки дар охири замон зуҳур хоҳад кард ва Аллоҳ бандагонашро бо он меозмояд. Ӯро ба далели фитнаи бузург ва гумроҳкунандаи бузург буданаш махсус зикр кард.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality