TopicФазоил ва одоб
288 hadiths
288 hadiths
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳамаи уммати ман дар амон хоҳанд буд, магар ошкоркунандагон, онон, ки гуноҳони худро ошкор мекунанд. Ва аз ҷумлаи чунин корҳо ин аст, ки шахс дар шаб амалеро (гуноҳеро) анҷом диҳад ва шабро ба саҳар бирасонад, дар ҳоле ки Аллоҳ онро бар ӯ пӯшонидааст, пас бигӯяд: Эй фалонӣ! Дишаб чунину чунон кардам. Ӯ шабро гузаронд, дар ҳоле ки Парвардигораш ӯро пӯшонида буд, сипас саҳар пӯшиши Парвардигорро аз худ бармедорад."متفق عليه