Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Адий ибни Ҳотим (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 55 languages
«Аз Адий ибни Ҳотим (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар яке аз шумо ҳатман Парвардигораш бо ӯ сухан мегӯяд, — бе ягон тарҷумоне байни ӯ ва Худованд. Ба тарафи рост нигоҳ мекунад, чизе ҷуз аъмоле, ки анҷом додааст, намебинад; ба тарафи чап нигоҳ мекунад, боз ҳам чизе ҷуз амалҳояш намебинад; ба пеши рӯяш менигарад, дар рӯ барӯяш танҳо дӯзахро мебинад. Пас, худро аз оташи дӯзах наҷот диҳед, ҳарчанд бо нисфи донаи хурмое бошад (бо садақа кардан)."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки ҳар як шахс дар рӯзи қиёмат танҳо, бе ягон восита, дар назди Худованд қарор мегирад ва Парвардигор бевосита бо ӯ сухан мегӯяд, бе тарҷумон. Аз шиддати тарс ва нигаронӣ, ба тарафи рост ва чап менигарад, шояд роҳе пайдо кунад, ки худро аз оташи дар рӯ ба рӯяш истода наҷот диҳад. Чун ба тарафи рост нигоҳ мекунад, чизе ҷуз аъмоли некӣ пешфиристодааш намебинад; ба тарафи чап менигарад, ҷуз аъмоли бади худ чизе намебинад. Чун ба пеш менигарад, ҷуз дӯзах чизеро намебинад. Чорае барои гурез надорад, зеро маҷбур аст аз болои сирот гузарад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯяд: Байни худ ва оташи дӯзах сипаре ва муҳофизе ба воситаи садақа ва амалҳои нек қарор диҳед, ҳатто агар ин садақа нисфи донаи хурмо бошад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality