Hadith for the World
Topic

Фазоил ва одоб

288 hadiths

288 hadiths

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳумма аслиҳ лӣ дини аллазӣ ҳува ъисмату амрӣ, ва аслиҳ лӣ дунёя аллатӣ фиҳо маошӣ, ва аслиҳ лӣ охиратӣ аллатӣ фиҳо маъодӣ, ва-ҷъалил-ҳаёта зиёдатан лӣ фӣ кулли хайр, ва-ҷъалил-мавта роҳатан лӣ мин кулли шар." Тарҷума: “Эй Аллоҳ! Динамро, ки он ҳифозаткунандаи амри ман аст, ислоҳ намо; ва дунёямро, ки дар он зиндагии ман қарор дорад, ислоҳ гардон; ва охиратамро, ки бозгаштам ба сӯи он аст, ислоҳ гардон; ва зиндагиямро боиси афзоиши корҳои нек бигардон; ва маргро аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ.”رواه مسلم
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро мехонданд: "Парвадигоро! Иштибоҳот ва нодонию зиёдаравӣ дар корамро ва он чи Ту аз ман ба он донотар ҳастӣ, мағфират кун. Эй Аллоҳ! Гуноҳони ҷиддӣ, шӯхӣ ва саҳвӣ ва амдии маро бибахш, ва ман иқрор мешавам, ки муртакиби ҳамаи онҳо шудаам. Эй Аллоҳ! Гуноҳоне, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва гуноҳоне, ки осораш пас аз марг ҳамчунон боқӣ мемонад ва гуноҳоне, ки пинҳону ошкор анҷом додаам ва Ту аз ман ба онҳо донотар ҳастӣ, бибахш. Ин Ту ҳастӣ, ки ҳар касеро бихоҳӣ ба сӯи корҳои неку биҳишт - ба пеш мебарӣ- ва ҳар касеро бихоҳӣ аз корҳои неку биҳишт - ба таъхир меандозӣ - ва Ту бар ҳама чиз қодиру тавоно ҳастӣ."متفق عليه
Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамеша ин дуоҳоро субҳу шом мехонд ва онҳоро тарк намекард: "Эй Аллоҳ! Аз Ту дар дунё ва охират офият хоҳонам. Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дину дунё ва хонадону молам, хоҳонам. Эй Аллоҳ! Шармгоҳамро бипӯшон ва тарсамро ба амният табдил деҳ. Эй Аллоҳ! Маро аз пеши рӯ ва пушти сар ва аз тарафи росту чапам, ва аз болои сарам ҳифз намо. Ва ба азамати Ту паноҳ мебарам аз ин, ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам."رواه أبو داود والنسائي وابن ماجه وأحمد
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Аз ҷумла дуоҳое, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мехонданд, ин дуо аст: "Эй Аллоҳ! Аз заволи неъмат ва дигаргун шудани офиятат, ки ба мо бахшидаӣ ва аз хашму ғазаби ногаҳон ва тамоми хашму ғазабат, ба Ту паноҳ мебарам."رواه مسلم
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ин калимаҳо дуо мекарданд: "Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам."رواه النسائي وأحمد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Муъмини қавӣ дар назди Аллоҳ аз муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар яке хайре ҳаст. Барои он чи ба ту фоида орад, саъй кун ва аз Аллоҳ ёрӣ бихоҳ ва нотавон мабош. Агар мусибате ба ту расад, магӯ: "Агар чунин мекардам, чунон мешуд", балки бигӯ: Аллоҳ муқаддар сохт ва ҳарчи бихоҳад мекунад. Зеро "агар" дарҳои кори шайтонро мекушояд."رواه مسلم
عن أبي هريرة رضي الله عنه عن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: «الْمُؤْمِنُ مِرْآةُ أَخِيهِ الْمُؤْمِنِ».رواه أبو داود والترمذي
عَنْ أَبِي الدَّرْدَاءِ رضي الله عنه: سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: «إِنَّ اللَّعَّانِينَ لَا يَكُونُونَ شُهَدَاءَ وَلَا شُفَعَاءَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ».رواه مسلم
Аз Нуъмон ибни Башир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дуо ибодат аст", сипас ин оятро қироат фармуданд: "Парвардигоратон фармуд: Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд". (Сураи Ғофир: 60)رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد
عَنْ عِيَاضِ بْنِ حِمَارٍ أَخِي بَنِي مُجَاشِعٍ رَضيَ اللهُ عنه قَالَ: قَامَ فِينَا رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ذَاتَ يَوْمٍ خَطِيبًا، فَقَالَ: وَسَاقَ الْحَدِيثَ وَفِيهِ: «وَإِنَّ اللهَ أَوْحَى إِلَيَّ أَنْ تَوَاضَعُوا حَتَّى لَا يَفْخَرَ أَحَدٌ عَلَى أَحَدٍ، وَلَا يَبْغِي أَحَدٌ عَلَى أَحَدٍ».رواه مسلم
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз ҳама бештар дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд: "Аллоҳумма, Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор." (Худоё, Парвардигори мо! Ба мо дар дунё ва дар охират некӣ ато кун. Ва моро аз оташи дӯзах наҷот деҳ).متفق عليه
Аз Шаддод ибни Авс (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Сайиди истиғфор (беҳтарин дархости омурзиш) ин аст, ки бигӯед: Аллоҳумма анта раббӣ ло илоҳа илло анта халақтанӣ ва ана ъабдука ва ана ъало ъаҳдика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри мо санаъту абӯу лака биниъматика ъалайя ва абӯу бизанбӣ фағфирлӣ фаиннаҳу ло яғфируз-зунуба илло анта". Тарҷума: Парвардигоро, Ту Худои манӣ маъбуди барҳақе ҷуз Ту нест, маро офаридӣ ва ман бандаи Туам ва бар аҳд ва паймони Ту ба қадри тавон истодаам. Аз бадӣ ва зиштии он чи анҷом додаам, ба Ту паноҳ меҷӯям, ба неъматат бар хеш ва ҳам бар гуноҳонам эътироф дорам, пас маро биёмурз, зеро гуноҳонро ҷуз Ту касе намеомурзад." Фармуд: "Он ки дар рӯз онро бигӯяд, дар ҳоле ки ба он яқин дорад ва дар ҳамон рӯз пеш аз он ки шаб кунад, бимирад, аз аҳли биҳишт аст. Ва он ки дар шаб онро бигӯяд, дар ҳоле ки ба он яқин дорад ва пеш аз он ки субҳ кунад, бимирад, ӯ аз аҳли биҳишт аст."رواه البخاري
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Садоқат ва ростиро пеша кунед, зеро ростӣ ба некӣ мебарад ва некӣ ба биҳишт мебарад. Ҳамвора шахс рост мегӯяд ва ростиро меҷӯяд, то ин ки назди Худованд ростгӯ навишта мешавад. Аз дурӯғ парҳез кунед, ки дурӯғ ба фисқу фуҷур мебарад ва фисқу фуҷур ба дӯзах. Ҳамвора шахс дурӯғ мегӯяд ва дар дурӯғ талош мекунад, то ин ки назди Худованд дурӯғгӯ навишта мешавад."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ду калимае аст, ки дар забон бисёр сабук, дар тарозу сангин ва назди Худованд маҳбуб ҳастанд: "Субҳоналлоҳи-л-ъазим" ва "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи".متفق عليه
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Назди Аллоҳ Таъоло чизе гиромитар аз дуо нест".رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد
Аз Абудардо (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармуд: "Ҳар кас аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро аз ӯ дур мегардонад".رواه الترمذي وأحمد
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас дар як рӯз сад бор "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи" бигӯяд, гуноҳонаш омӯрзида мешавад, агарчи ба андозаи кафки дарё бошад".متفق عليه
Аз Муовия (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар кӣ Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр намояд, ӯро дар дин фақиҳ (олим) мегардонад, ҳамоно ман Қосим (тақсимкунанда) ҳастам ва онеки ато мекунад Аллоҳ аст. Ин уммат то замоне зери дастуроти Аллоҳ побарҷо аст, касе ба онон зиён намерасонад, то инки амри Аллоҳ фаро расад".متفق عليه
Аз Абдуллоҳ ибни Салом (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шаҳри Мадина омад, мардум зуд ба пешвози ӯ шитофтанд ва мегуфтанд: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад! Расули Худо омад! Се маротиба. Ман низ миёни мардум баромадам, то ӯро бубинам. Вақте ки ба рӯяш нигоҳ кардам, фаҳмидам, ки рӯи ӯ рӯи дурӯғгӯ нест. Аввалин чизе, ки аз забони мубораки ӯ шунидам, ин буд: "Эй мардум! Салом гуфтанро паҳн кунед, таом бидиҳед, робитаи хешовандиро нигоҳ доред, шабҳо ҳангоми хоб будани мардум намоз хонед, бо осоиш ва саломатӣ (бидуни ҳеҷ ранҷе) ба биҳишт дохил мешавед."رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد
عن أنس رضي الله عنه أنه قَالَ لِثابِتٍ رحمه اللهُ: ألاَ أرْقِيكَ بِرُقْيَةِ رسولِ اللهِ صلى الله عليه وسلم ؟ قال: بلى، قال: «اللَّهُمَّ رَبَّ النَّاسِ، مُذْهِبَ البَأسِ، اشْفِ أنْتَ الشَّافِي، لاَ شَافِيَ إِلاَّ أنْتَ، شِفَاءً لاَ يُغَادِرُ سَقماً».رواه البخاري
Аз Саъд ибни Абиваққос (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мефармуд: "Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад"رواه مسلم
عن ثوبان رضي الله عنه عن النبي صلى الله عليه وسلم قَالَ: "إنَّ المسلِمَ إذا عادَ أخاه المسلِمَ، لم يَزَلْ في خُرْفَةِ الجَنَّةِ حتى يرجعَ"، قيل: يا رسولَ اللهِ ما خُرْفَةُ الجنَّةِ؟، قال: "جَنَاها".رواه مسلم
عن أنس بن مالك رضي الله عنه عن رسول الله صلى الله عليه وسلم أنه كان إذا أكل طعاما، لعق أصابعه الثلاث. قال: وقال: «إذا سقطت لُقمة أحدكم فليُمِطْ عنها الأذى، وليأكلها ولا يَدَعْهَا للشيطان» وأمر أن تُسْلَتَ القَصْعَةُ، قال: «فإنكم لا تدرون في أيِّ طعامكم البركة» وعن جابر بن عبد الله رضي الله عنه أن رسولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم قالَ: "إنّ الشيطانَ يَحضُرُ أحدَكُم عندَ كلِ شيءٍ من شَأنِه، حتى يَحضُرَهُ عندَ طعامِهِ، فإذا سَقطتْ لقمةُ أحدِكُم فليَأخُذْها فَلْيُمِطْ ما كانِ بها من أذى، ثم ليَأكُلْها ولا يَدَعْها للشيطانِ، فإذا فَرَغَ فليَلْعَقْ أصابعَهُ، فإنه لا يَدري في أيِّ طَعامه البركة"حديث أنس رواه مسلم. حديث جابر رواه مسلم
عَنِ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «إِنَّمَا مَثَلُ صَاحِبِ القُرْآنِ كَمَثَلِ صَاحِبِ الإِبِلِ المُعَقَّلَةِ، إِنْ عَاهَدَ عَلَيْهَا أَمْسَكَهَا، وَإِنْ أَطْلَقَهَا ذَهَبَتْ».متفق عليه